Чашмони хумори

Бари руйи сафедат сими хом аст,
Ду зулфи кофурат хамранги лом аст.
Назар созад касе бар чашми мастат,
Ба ту умре, ки дорад у гулом аст.

Сарам савдоии чашми хумор аст,
Дилам аз хачри руйаш бекарор аст.
Касе, моро агар бо хам расонад,
Мададгораш дар олам Кирдгор аст.

Дилам дард мекунад холам хароб аст,
Рухам  зарду ду чашмонам пуроб аст.
Худовандо, биё, бингар чи сон дил,
Мисоли гўшти дар тафдон кабоб аст.

Ду чашмони хумори бурд хуморам,
Бибурд осоишу сабру карорам.
Бубин аз лахзаи дидор бо ту,
Чу симоб бекарорам, бекарорам.

Бахорам ман, бахорам ман, бахорам,
Бахори сабзпуши файзборам.
Сафар кардам зи Карона ба олам,
Ба Хатлону Самарканду Бухорам.


Рецензии