Гули наврузи
Гули бойчечаку ёсу сияхгуш.
Кабо аз атласи шому сахар кард,
Намуд аз ваъдаи дода фаромуш.
Гули наврузи зад андар баногуш,
Нихода холи хинду байни абруш.
Ба Наврузгах биёмад масту хандон,
Нигори махваши куртачаканпуш.
Гули наврузи зад андар баногиш,
Хамоил карда онхоро бари руш.
На гулхо, балки руяш додааст зеб,
Ба наргису ба савриву сиёхгуш.
Гули наврузи зад андар баногуш,
Санавбардухтари рангинкабопуш,
Хиромон суи Карон у равон аст,
Ба тороч бурда аз садхо чавон хуш.
Гули наврузи зад андар баногуш,
Шуда бо лолаву насрин хамогуш.
Ду рухсору лабонаш ранги лола,
Ки бурдаст ранг аз хуни Сиёвуш.
Свидетельство о публикации №116061006069