Намебинад хазонро
Валекин то Чахон аст у намирад.
Нагирад гар Самарканду Бухоро,
Нагирад гар Фарангу Осиёро.
Чу Хофизу чу Румиву чу Чом;,
Чу Фирдвсиву Бедилу Низоми.
Накард тасхир агар руйи чахонро,
Вале асло намебинад хазонро.
Чаро, ки шеъри ман аз мардумон аст,
Дар он васфи диёри точикон аст.
Дар он буйи Хисор асту Бадахшон,
Насими форами Панчу Зарафшон.
Дар он ту Сугду Хатлонро бубини,
Хисору Вахшу Раштонро бубини.
Бубини духтарони шухи Дарвоз,
Чи зебоянду ширину сарафроз.
Ба васфи модару механ сурудхон,
Кунанд шукрона аз икболи тобон.
Дар он ту васфи оби пок бини,
Хавову сангу куху хок бини.
Дар он васфи шарафмандони точик,
Тахамтан пахлавон гурдони точик.
Дар он аз вахдату икбол навид аст,
Сухан аз чашну идхои саид аст.
Дар он Навруз шуд иди чахони,
Биёфт Исмоили Сомон чавони.
Дар он таргиби сулху вахдат омад,
Алахи носазои лаънат омад.
Дар он васфи гулу дилдор ёби,
Санову хамди кирдугор ёби.
Дар он таърихи Дарвози кухан хаст,
Зи таърихи Карони ин ватан хаст.
Чаро пас шеъри ман дигар бимирад?
Агар чанде, ки оламро нагирад!
Забони шеъри ман олам нагирад,
Валекин то чахон аст у намирад.
Свидетельство о публикации №116061006014