Вомар ё Зингу Умарак

ВОМАР Ё ЗИНГУ УМАРАК
(Манзума аз кисса ва ривоятхои мардуми)
Ба номи он ки номаш аввалин аст,
Хама хубони оламро нигинаст.
Ба номи он ки Рахмону Рахим аст,
Чамил асту Салим асту Карим аст.
Ба номи он ки устоди дили мост,
Саодатбахшу маъвои дили мост.
Ба номи он ки неку мехрубон аст,
Ба хар дарди башар дармонрасон аст.
Ба номи он ки номи уст Зокир,
Сабуру пуртахаммул асту Шокир.
Ба номи он ки хокро руху чон дод,
Табиатро бахор доду хазон дод.
Ба номи он ки дунёро бино кард,
Мухаммадро (с.а.с.) шафии чамъи мо кард.
Ба у бахшид нигини хотамиро,
Саросар сарвари одамиро.
Калиди илму ирфонро ба у дод,
Китоби бахт- Куръонро ба у дод.
Сано гуему хамду шукри Аллох,
Хама дам зикр гуем, зикри Аллох.
Мухаммадро (с.а.с.) ки моро рахнамо аст,
Хабибу Холику махбуби мо аст.
Бигуем хамду гардемаш санохон,
Ба васфи у сароем шеъру достон.
Намоем васфи чор ёри набиро,
Абубкару Умар, Умар, Усмон Алиро.
Сухан гуем аз Имоми Аъзам,
Ки илму фикр кард уро муаззам.
Намоем васф ишки ин ватанро,
Фидо созем барояш чону танро.
Сухан гуем зи кухистони Дарвоз,
Намоем киссаи нав бахраш огоз.
Ривоят аст, ки соли чанд саду анд,
Ба Дарвоз дехахо машхур буди чанд.
Миёни ин хама дехоти Дарвоз,
Буди Вомар ба машрик шухрапарвоз.
Дар он чон туту себу нок руид,
Анору анчиру хам ток руид.
Дар ин чо богхои бехисоб буд,
Катор андар катор бист осиёб буд.
Замини тахту хамвор пахтазор буд,
Чахи бофандагиаш бешумор буд.
Занонаш косибу бофанда буданд,
Хама мардон бозаргонзода буданд.
Рахи абрешими з-ин деха мерафт,
Ба Хатлону Хучанд, Афшида мерафт.
Ба хар чо номи Вомар дошт харидор,
Ба Вахшу дар Хироту Балху Булгор.
Хама чо корди Вомар дошт номвар,
Буди шамшери у дар чанг сафдар.


Бахои шохии Вомар баланд буд,
Гази карбоси у харчо писанд буд.
Хама чо банди махдаш вомари буд,
Алоча зеби хар як гулпари буд.
Зи чуби тут дару дарвоза сохти,
Ба он гулхои рангоран бидохти.
Гули офтобу атрофаш ситора,
Гули себаргаву калби дупора.
Ба харч о аспи Вомар дар гузар буд,
Баробар нархи у бо чайби зар буд.
Бузу гусфанди Вомар бешумор буд,
Ба Вомар гови ширдех чанд хазор буд.
Хама кунчу канораш чашмасорон,
Талу теппа хама чо арчазорон.
Хама кухаш пур аз морхуру нахчир
Пур аз кабку кабутар, фохтаву чир.
Зи хар су какраи кабки хилолаш,
Садои форами оби зулолаш.
Шуда хамчур ба сози андалебон,
Шабех Вомар буди бо боги Ризвон.
Хама марду чавонаш буд ба номус,
Кавипайкар, мустахкам чу обнус.
Занонаш покниходу мехрубон буд,
Хама захматкашону лайлисон буд.
Дугуру макру фанд инчо гарибанд,
Хама шоиставу сохибтамизанд.
Буданд бо хам-хама дусту бародар,
Набуди душмани дар дехи Вомар…
Дар он давре ки Вомар номвар буд,
Ба Дарвоз Кахкаха ном точвар буд.
Адолатпарвару мардумнавоз буд,
Ба илму донишу бо баргу соз буд.
Зи душман марзу бумро буд нигахбон,
Кави як калъае сохта ба Каррон.
Ба у бочу хироч омад зи Кобул,
Зи Шугнону Хисору Вахшу Бобул.
Хаме омад ба у гандум зи Хатлон,
Биринч аз Чину лаълаш аз Бадахшон.
Буданд рашки Хисору Балху Шероз,
Замину обу куху дехи Дарвоз.
Хама марду занаш яктопарастанд,
Худои Зардухуштро мепарастанд.
Ба гуфтор неку кирдор неку пиндор,
Хама некухисоланд некурафтор.
Китоби Ахрумаздоист Авасто,
Дар он давра яки яктост Авасто.
Мадори руху чоншон буд Авасто,
Сафои хонадоншон буд Авасто.
Аз у панд хондаву андарз хонданд,
Ниёишхо намуда, фарз хонданд.
Авасто рахнамои халки дун буд,
Надонисташ касе хору забун шуд.
Зи Дарвоз бурд Искандар ба Юнон,
Китоби хикмату хокистари он.

Хама шоду хама масрур будунд,
Зи банди кулфату гам дур буданд.
Парастиш доштан якто Худоро,
Худои Зардухушти-Ахуроро.
Зи Яштхои Авасто кисса хонданд,
Тану чонро ба рохи дин бимондад.
Ба рузи шодиву рузи гаму дард,
Буданд бо хам тифоку дусту хамдард.
Ба хам тутпусту нону об хурданд,
Ба рузи чашну шоди Яшт суруданд.
Табиат имтихони сахташон кард,
Нагунточу фурусар бахташон кард.
Ба олам барфу борон беадад шуд,
Ба селу тармаву ярчхо сабаб шуд.
Хаме шуд канда  чое пораи кух,
Бимонда ахли мардумро ба андух.
Чу борид барфу борони саросар,
Хама чо нахру чуйхо гашта аждар.
Яке шаб, ки шаби ахримани буд,
Тихи з ободиву созандаги буд.
Зи осмон об меборид чу нахре,
Намуда руди Панчобро чу бахре.
Зи осмон сел меборид бародар,
Агар гуям намесози ту бовар.
Хамон шаб Ахриман фотехи кор буд,
Хама Вомар ба зери ярч нисор шуд.
Хар он кас,ки буд андар махди нозаш,
Хар он кас, ки буд андар намозаш.
Хар он кас, ки тифлакашро алла мегуфт,
Хар он, ки бахри тифлаш фалла мепухт.
Хар он кас, ки ба чах мебофт карбос,
Ва ё бар гову гусфанд доди силос.
Хама сар то сари зебои Вомар,
Шуда пинхон ба зери хок саросар.
Зи як су нолаи модар ба гуше,
Дигар чо буд падар андар хуруше.
Бародар нола дошт дар сузи хохар,
Хаме гуфт хохар зор: Вой, бародар.
Ту гуёи сели одам буд равона,
 Зи Вомар суйи Панчоб он шабона.
Хазор хона ба Вомар он шаби тор,
Шуданд бар хок якхок тахту хамвор.
Нуфуси одамиро дах хазор буд,
Дусад аспи даванду як хазор хар,
Буданд, андар тавила шаб ба Вомар.
Хама дар каъри Панчоб хона ёфтанд,
Макон дар киссаву афсона ёфтанд.
Гузашт рузу маху соли зиёде,
Аз он дахшат бимонд афсона ёде.
Зи Вомар гар касе андар сафар буд,
Ва ё дар теппаю куху камар буд.
Агар, ки хона дошту дар Бадахшон,
Ба Хатлону ба Балху Руму Юнон.
Сафар бар суйи Вомар пеша карданд,
Пайи ободияш андеша карданд.
Ба Вомар омаданду зор монданд,
Чу беморбача дар Булгор монданд
Маликшои вали он орифи Хак,
Шуда машхури Дарвоз чун Аналхак.
Шуда машхури Дарвоз Курбунмахмад,
Ки пайванд буд бо оли Мухаммад.
Буданд пешвои ахли суннат онхо,
Чароги рахнамои уммат онхо.
Яке Арбоб Салохаш номвар буд,
Факеху олиму сохибназар буд.
Ба назди шох макоме дошт воло,
Зи мири Ишкаю Порёву боло.
Аз у мардони бо идрок монданд,
Шарифу Нозиму Хошок монданд.
Амирбекаш бимонду биби Чогук,
Чахи ресандагиву чархаву дук.
Худ омад у зи пушти Мухаббатшо,
Саховатпешаву бо илму доно.
Ба Зинг з-онхо кунун авлод зиёд аст,
Ба Курган хам з-онхо чанд било даст.
Шарифро Хушкадам идома бахшид,
Зи Хушкадам Сулаймон гашт тавлид.
Ба номи худ муносиб у чавон буд,
Ба ору номусу марди замон буд.
Саховатмарди буда пешаи у,
Накукори ба ба халк андешаи у.
Чамоатро раис буд у ба чанд сол,
Сипас табдил бинмуд кору аъмол.
Ва то охир мудири хар дукон буд,
Барои мардумон хизматрасон буд.
Зи пушти у баромад дахта фарзанд,
Ватандуст, ватанпарвар, шарафманд.
Зи Суфи Рузияш бояд кунем, ёд,
Сахимард буду буд як марди обод.
Варо осёб буд, муздаш худои,
Барои рохгузар, нодор, гадое.
Хаме Мири Муродаш номдор буд,
Хаким дехкони хуби бобарор буд.
Гиёсиддин буд муфтиву кози,
Адолатпарвару мардумнавозе.
Мусобек буду Ховаршову Неъмон,
Мулло Назиру Восеъ баъдтар аз он.
Дар ин дам Давлати Зинги калон шуд,
Кавиву номдору пахлавон шуд.
Набуд хамдасти уро дар Бухоро,
На дар Кобулу дар Хатлону Вахё.
Хаме усто Умар бо Махмадзоир,
Зи Довод(а.с) омухта харду кору тадбир.
Шуданд, машхур зи Дарвоз то Бухоро,
Намуда хамчу мум сахт оханеро.
Дар ин давра яке марди зиёде,
Шуда машхуру аз худ монда ёде.
Ба Умарак Мирзойи Мурнуду,
Кавипайкар буду ном монда аз у.
Зи дасти мири мангити шахид шуд,
Бухоро рафту аз он баъд нопадид шуд.
Зиёд марди хунарварпеша омад,
Ба даст делу каланду теша омад   
 
Хаме карданд хар дам кахрамони,
Намедоданд урусро амоне.
Вале афсус туфангу тир кам буд,
Рахи дастрас намудан махкам буд.
Зиёд он хоинони миллати хеш,
Шудунд нукар ба уруси бадандеш.
Фурухтанд Хокиму Мирзорахимро,
Лакаб бар ном бигирифтанд «лаим»-ро,
Рахимро дар сари Сангев фурухтанд,
Танаш бо тир ба хоки тар фурухтанд.
Бимон у се шабу се руз дар гор,
Зи дасти уруси бадкину бадкор.
Пас он гах як шаби торик ду се тан,
Зи мардони шучоъи шерафкан.
Шабона гусл доданд чисми покаш,
Намоз карданду биспурданд ба хокаш.
Гузашт соли зиёд аз он замона,
Намонд аз уруси нопок нишона.
Рахим аммо ба ёди мардумон аст,
Радифи номи покаш «Кахрамон» аст.
Ба Хокимбек хам такдир чунин кард,
Зи тири нокасон хунин хунин чабин кард.
Валекин ном мондаш човидона ,
Чу фарзанди наку то ин замона….
Хаво тору нафастанг гашта доно,
Гуреза шуд хама окилу мулло.
Гурех Афгонистон Хакими Азим,
Гиёсиддину Неъмон, Абдурахим.
Намуд тарки ватан Косими Зинги,
Бибурд бо худ факат яктаху линги.
Шахид аз тири номардон гардид,
Ба хок дар кишвари афгон гардид.
Зи дехи Умарак хам Абдулло рафт,
Хама авлод зи оли Авлиё рафт.
Хулоса хар касе дороие дошт,
Ба даври шоху бек сардорие дошт.
Хама донову муллову чавонмард,
Зи тарки болшевик тарки ватан кард.
Тихи шуд ин диёр аз марди доно,
Зи дасти болшевикони «Тавоно»
7
Касе монд дар диёру хонаи хеш,
Зи дасти болшевик гардид дилреш.
Хама молу замину чамъи чорпо,
Умуми гашту колхоз шуд пайдо.
Хама муллову доро зери тир шуд,
Ва ё банди ба зиндони Сибир шуд.
Сафедямину Дударгиву Сафедсанг,
Бишуд хокдони мардони бафарханг.
Ба Панчоб панчу шаш кас хар шаби тор,
Шуданд оби зи дасти куфри гаддор.
«Тройка» пешаи марди баор канд,
Бикушту бурда дар Сибир намуд банд.
Хамин хел мардуми окилу доно,
Саросар кам шуд аз Дарвози зебо.
«Тройка» бурд зи Зинг Шукрихудоро,
Яке аз бехтарин марди Худоро
Бибурд аз Зинг «тройка» Абдулоди,
Ачал хар  чанд тору пуд мебофт,
Валекин зиндаги идома меёфт.
Ба соли чанги шуми бо фашистон,

Бигашт комёб аз ин пешаи худ,
Шараф ёбид аз ин андешаи худ.
Чамоъатро раис гардид Хошок,
Ки буд бо аклу бо донишу идрок.
Бишуд Абдурасул садри маориф,
Ки марди факех, олиму ориф.
Аз он баъд Махмади сохиби кор шуд,
Барои мардуми дех ифтихор шуд.
Чивоншо шуд мудири мактаби чор,
Ки омад бо зафар аз чанги гаддор.
Бикушиду сабак дод бар чавонон,
Ки ****д бахра онхо з-илму ирфон.
Дар ин соха касе комёб гардид,
Зи чахдаш боги илм шодоб гардид.
Мадад омад ба мактаб шуд мададгор,
Бимонда номи некашро ба ёдгор.
Бишуд Исломи Мансур дусту ёвар,
Ба онхо ин накумарди чабинфар.
Саид устои сахтгир омад инчо,
Зи дехи Зинг бишуд даъват Амиршо.
Хаме Махмадзухуру Мирзомурод,
Хаме доданд сабак бар наврасон ёд.
Ватан Кодир Алифборо биомухт,
Барои мо саду як панд мегуфт.
Зи Тобон ёд бояд кард моро,
Ки дасти хат биомухту «Алифбо».
Биёмад Некрою кор дигар шуд,
Хама боги маориф пурсамар шуд.
Ба кор Охирмох омад-омад Инъом,
Шуданд сохиби шону ному икром.
Мусамир омаду дарси забон гуфт,
Адабиётро ба мо бо сад забон гуфт.
Мададшо дод бар мо дарси таърих,
Ки буд таърихшиносу хам муаррих.
Тамом бинмуда донишгохи оли,
Шуда машхур чу омузгори оли.
Ба тифлон дар медоданд саросар,
Ки ****д бахра аз дониш баробар.
Чавонон хам талоши беш карданд,
Ки то ****д камол дил реш карданд.
Яке  олим шуду дигар мухандис,
Муаллим шуду хофиз шуду раис.
Дигар хамчун сахимард номдор шуд,
Дигар дар хифзи мардум доктор шуд.
Ба даври худ басе обод карданд,
Дили хамдехагонро шод карданд.
Намуданд кор аз бахри ватаншон,
Ватан хам шудр изо аз кори эшон.
9
Миёни ахли илми Точикистон,
Буд Асламшох падид чун начми тобон.
Баланд аст номи Рахмати Диловар,
Саросар дар тамоми мулки Ховар.
Ба илми фалсафа бингар ки Додар,
Химоя кард рисола чун хунарвар.
Чу шохин Мархамад орост пару бол,
Ба илми иктисод гардид хушикбол.
Дигар Давлат хукукро муътабар кард,
Зи илми хеш бар олам хабар кард.
Ба донишгохи Маскав гашта рахбар,
Бигашта ифтихори халки точвар
Зи Хочи Хусниддин бояд кунам ёд,

Пайи онон чавононе зиёде,
Саодатманду бо илму ниходе.
Намуда илму дониш аз бар онхо,
Шуданд шаъми чароги махфилоро.
Сикандар чахд карду прокурор шуд,
Дар ин ду деха аввалгенерол шуд,
Ачаб марди шарифу мехрубон аст,
Хамеша некхохи мардумон аст.
Сухансанчу сухандону суханвар,
Накукору накурою накуфар.
Дари мехру сахояш боз доим,
Барои мардуми Дарвоз доим.
Алимардони Ахмад бо сад оханг,
Зада бар домани илму хунар чанг.
Китоб дусту рафику хамдамаш шуд,
Китоб чун ёри чони махрамаш шуд.
Тавонои биёфт аз илму ирфон,
Шуда машхур андар Точикистон.
Тамоми умр бо хал хасту халк хам,
Бувад бо у хамеша ёру хамдам.
Кунун да Конибодом чавкидор аст,
Чу сардори милиса номдор аст.
Шиори у бувад дар зиндагони,
Накукори ба халк хизматрасони.
Чунин барночавонон беши-бешанд,
Пайи ободии Дарвози хешанд.
Ба дасти шон аз хок зар бируяд,
Зи каъри руди Панч гавхар бируяд.
Шавад шодоб ба хар чо ки ниханд по,
Гулистон мешавад хар дашту сахро.
Ду дех, ки решапайванданд ба Вомар,
Шуданд ободу гулафшон саросар.
Ба Дарвоз нозанинанд ин ду деха,
Ба ангуштар нигинанд ин ду деха.
Ду деха фахри Дарвози кухан аст,
Бузургмардони Дарвозро вата наст.
Ду деха ёваранд бо хам бародар,
Ду деха хаст нишон аз шахри Вомар.
Ду деха кучаканду гарчи хурданд,
Тамоми мардумони у бузурганд.
Хама шерзоду шохинбол, укобанд,
Бузургмардони бе мислу хисобанд.
Мукаддас ин ду дехро бояди дошт,
Дар ин ду дех набояд тухми бад кошт.
Дарахти дусти бояд шинонанд,
Нихоли душмани аз байн рабоянд.
Хама дусту тифоку ахл бояд,
Буридан решахои чахл бояд.
Ба васфи ин ду деху мардумонаш,
Ба таърихи кухан то ин замонаш.
Сулаймони ба чидду чахду азмаш,
Ба гуфтори накуву канди назмаш.
Зи садхо киссаву садхо ривоят,
Зи чанд афсонахову аз хикоят.
Ба асри бисту як чамъи даху панч,
Кашида у азобу гуссаву ранч.
Барои насли сони гуфт саросар,
Тамому вассалом, АЛЛОХУ АКБАР!!!

РОЗУ НИЁЗ БО ХУМБОВ


Хама богу замин зеру забар буд,
На аз изи башар ин чо хабар буд.
Бубастан мардумон махкам миёнро,
Ба кор андохта хар кас бозувонро.
Пайи ободии он кор карданд,
Шабу руз захмати бисёр карданд.
Яке аз магрибу дигар зи машрик,
Бисохтанд хонах бо чахду тавфик.
Кашида чуйи об бар хонахошон,
Нихолон сабз бинмуд хар кадомшон.
Арак резонда онхо кор карданд,
Замини селро шудгор карданд.
Ба хам дусту ба хам ёвар, бародар,
Ба чо оварда хурмат чун бародар.
Ба машрик номи Вомар Умарак шуд,
Ба магриб он махалро Зинг дарак шуд.
Ба Зингу-Умарак як-як шуданд чо,
Яке тахчоию дигар зи Вахё.
Яке аз Ёхсу дигар зи Карши,
Яке аз Балчувон дигар бадахши.
Яке аз Кошгару аз Чину Мочин,
Самарканду Бухоро, оли Тегин.
Бикарданд чою сохибхона гаштанд,
Насиби обу хоку дона гаштанд.
Ба хам дусту тифоку хеш будунд,
Хамеша пайрави як кеш буданд.
Хама бо номусу бо ор буданд,
Ту гуйи Рустами номдор буданд.
Занонаш косибу бофанда буданд,
Барои хар чавон арзанда буданд.
Хама лайливашу ширинмисоланд,
Зулайховору хуштарху висоланд.
Масал гуянд, ки об аст аз Курушинг,
Хама зебосанам аз дехаи Зинг.
Ба Умарак хама зебочамоланд,
Вафодоранду бо илму камоланд.
Зану марду чавону тифлу кудак,
Ба дехи Зингу дар дехи Умарак.
Кашида захмату обод намуданд,
Замини себро шодоб намуданд.
Зи нав сохиби мулку хона гаштанд,
Худованди зироъу дона гаштанд.
Шумори бузу гусфанд се хазор шуд,
Хару говону аспонаш катор шуд.
Шахи Карон намуд озод эшон,
Зи андози замину молу говон.
Гузашт аз ин хаводис чанд хазор сол,
Дигар шуд мардумонро феълу аъмол.
Хама мардум кунун Аллохпарастанд,
Худои Мухаммадро мепарастанд.
Ба Зингу Умарак низ эй бародар,
Дигар шуд ойини мардум саросар.
Хамегаштанд ба масчид чамъ мардум,
Хамекарданд ибодат бея гон чурм.
Хама бо хам рафику дуст буданд,
Тифок мисли гушту пуст буданд.
   
Саховат дошт Мансури сарафроз,
Ба Вахиёву хама дехоти Дарвоз.
Пас аз чанд солу моху хафтаву руз,
Аз у омад чавоне шоду фируз.
Бимонданаш варо номи Мухиддин,
Саховатпеша гашту хомии дин.
Хама ахли адабро дастгир аст,
Сахои у дар ин дам беназир аст.
Зи Аллох мо талаб дорем дорем барояш,
Барори кору аз сидку сафояш.
Яки у дах шавад, дах дах баробар,
Шавад номаш баланд дар мулки Ховар.
Дигар номдори ин дех Равшан омад,
Пайи у номи Мирзошо баромад.
Шуданд машхур Зиёву Абдурозик,
Худоиву Барот марди ба тавфик.
Диловар омаду Иди Музаффар,
Мулло Шокиру байдакиёни дигар.
Зи Кошгар омаду Пир хонахо кард,
Аливу Бури Пир ном бачахо кард.
Буданд дусту тифок мардони ду дех,
Чи хурду чи бузургу меху хам кех.
Ба хам хешу ба хам пайванд буданд,
Хама шоду хама хурсанд буданд.
Хабар омад зи Кулоб номуборак,
Ки омад лашкари урус каторак.
Сари тир мекунад у бою мулло,
Бувад дусти факиру дузду расво.
Касе, ки сохиби аклу тамиз аст,
Варо молу матову баргу чиз аст.
Хама бегонаанд дар даври эшон,
Муллову бою донишманду эшон.
Аз ин шуминхабар хайрон гаштанд,
Ба хар куху камар сарсон гаштанд.
Биёмад урусу мангит фирор кард,
Замину хоки Дарвозро нисор кард.
Нишаст бар тахти шохи руси нопок,
Чигархо гашта хунин синахо чок.
Хама мардум азодор шуд, азодор,
Ба дарду гам гирифтор шуд, гирифтор.
Сухан аз мангити номард гуфти,
Зи кахру аз газаб хар дам шигифти.
Ба хам гирд омада хар он чавонон,
Яроку тир чамъ бинмуда эшон.
Чиход эълон намуда зидди кофар,
Ба онхо садр гардида Диловар.
Зи Зингу Умарак якчанд чавоне,
Шуданд пайванд бо он кахрамоне.
Ба зидди куфри урус чанг кардаанд,
Ба харч о холи уро танг карданд.
Зи Зинг омад Рахиму дастаи у,
Шабехун буд раъйи пайвастаи у.
Зи дасташ урус дар калъа нихон шуд,
Рахим дар чанг чун шери жиён буд.
Дигар Хоким зи дехи Умарак буд,
Шарик бар у шуда як чанд марак буд

Ки дехконзода буду марди одди.
Пайи хам аз ду деха бурда куштанд,
Тани покшон ба сангу чар супурданд.
Бирафтанд бар фронт як зумра мардон.
Бибурданд Лоику бурданд Худои,
Бирафт Нуриддину Шери Гадое.
Бадавлат рафту Рахмиддину Асо,
Бирафт Гулмахмаду хам Додихудо.
Сафар рафту Давлатбек, Шарифбек,
Буданд аз Хусраву з-они Ниёзбек.
Бадавлат шуд шахиду рахмиддин хам,
Сафарбеку Асову Нуриддин хам.
Дувоздах тан бирафту хафт та номад,
Бакои умри панч таншон сар омад.
Зи Умарак бибурданд Дусти Равшан,
Кавипайкар буду тан дошт чу чавшан.
Ба чанг рафт Рахмату Олим, Музаффар,
Каташо рафту рафт Чангии сафдар,
Бирафт Мирзорахиму Мирзосафар,
Шуданд хар ду шахиди рохи кишвар.
Бирафт Эмому хамрохаш Чивоншо,
Бирафт Шобачаву рафт Амрихудо.
Бирафт Ахмад, ки буд фарзанди Бидон,
Шахид шуд у дар ин чанги фашистон.
Музаффар хам шахид гашт, Олим,Эмом,
Шуданд Шохбачаву Каташо беном.
Дар ин чанги шадид Шуро зафар кард,
Фашистонро хама зеру забар кард.
Ба Рейхстаг парчами сурх парфишон шуд,
Ба Шарк таслики Шурави Чопон шуд.
Хама мардони фотехи зафарманд,
Зи чабха омаданд бар деха хурсанд.
Ба чойи тиру туп дар даст каланд шуд,
Зи мехнат обрухошон баланд шуд.
8
Шуданд машхур андар мулки Дарвоз,
Зану марду чавонони сарфароз.
Ба Зинг Нидои Мирзо дар саховат,
Ачаб овозадор буду ба хикмат.
Надир сардори бонки Шурави шуд,
Сафар чун коммунист марди кави шуд.
Зи занхо Парчаи Дилдор омад,
Кавируху кавипайкор омад.
Фаъол зан буду колхозро раис шуд,
Вакили мардуми дар мачлис шуд.
Аз он пас Тоири Косим баромад,
Пайи ободии дехот даромад.
Ачаб марди сиёсатпеша гардид,
Накурою накуандеша гардид.
Хамеша дастгири мардумон буд,
Ба зидди коргурезон беамон буд.
Ачаб доно буду дусти китоб буд,
Саховатпешаву марди савоб буд
Аз у панди зиёде монда мерос,
Дарахти себу нок, анчиру гелос.
Ба Умарак Замон омад ба майдон,
Ватандору ватандусту ба имон.
Пайи ободии деха бикушид,
Либоси адлу инсофро бипушид.
Бикушид то ки дех обод гардад,
Хама марду зани у шод гардад.
Аз он пай руи кор Фарход омад,
Ба халк бо кумаку имдод омад.
Мудир анбори райпоро шуд Исрам,
Буданд мардум зи хайраш шоду хуррам.

Ба васфаш як-ду байте созам обод.
Ачаб инсони неку мехрубон аст,
Ба мухточони вакт ёрирасон аст.
Дарак дорад зи хешу акрабояш,
Ба магзи калби хешон гашта чояш.
Химоят мекунад ахли башарро,
Худовандо расон бар у зафарро.
Зи Сулхиддин шунав, эй марди доно,
Ки хаст у олими хубу тавоно.
Барои мардумон у нафърасон аст,
Ба беморон зи доруяш амон аст.
Амир Хошок, ки назми у равон бод,
Хамеша аспи илхомаш давон бод.
Зиёд шогирд дорад дар ду деха,
Ба назму киссаву шеъру бадеха.
Яке Садри Замон ному нишон дошт,
Миёни шоирон назми равон дошт.
Хамегуфт шеър дар васфи диёраш,
Ба васфи мардумони чоннисораш.
Ба васфи гулрухони некномаш,
Чавонони ба илму бо камолаш.
Гахе васфи Ватан-Модар хамегуфт,
Гахе ишки гулу дилбар хамегуфт.
Ба дах сол буд хукуматдори Дарвоз,
Буда хамчун раис хар чо сарафроз.
Дигар Султон, к ибо «Гули Намоз»-аш,
Намуд ифшо тамоми сиру розаш.
Намуд васфи хавову оби Дарвоз,
Зи гулрудухтарони хуби Дарвоз.
Зи шеъри у Бунафша номвар шуд,
Ба озмуни суруд сохибзафар шуд.
Зи шеъраш буйи шеъри Хуррам ояд,
Хавои зулфи хам андар хам ояд.
Шариф Хошок яке марди хунар буд,
Ба Вахши пургухар сохибназар буд.
Зи дасти нокасони шуми гаддор,
Шахиди пок гашт ин марди номдор.
Зи Рахматбек намудан ёд бояд,
Ки хаст марди накуйи боиноят.
Ба даври Шурави дошт у вазорат,
Ба Шурои Вазирон чанд муддат.
Маро бояд, ки васфи орифон кард,
Саодатпешагони ин замон кард.
Саидмухмад, ки худ шогирди Точ буд,
Ба Дарвоз муъминонро у сироч буд.
Факеху олиму донои дин буд,
Ба дехи Зинг ачаб марди амин буд.
Чу муллову чу уто буд сарфароз,
Саросар дар тамоми мулки Дарвоз.
Зи хочи Нурмухаммад ёд намоям,
Ба васфаш як ду байти хуб сароям.
Намоям васфи одоби накуяш,
Зи майхандустиву аз халку ***ш.
Сухан гуям зи гуфтори чу кандаш,
Зи андарзу зи садхо гуна пандаш.
Намоям васфи дониши баландаш,
Амалхои ба мардум бегазандаш.
Дар ин даврон валии вони бошад
Калиди ганчури ирфони бошад.





 
Биё Хумбов, бо ;ам роз г;ем,
;адису ;иссаи Дарвоз г;ем.
Биг;ем аз ;авои бе;убораш,
Зи дашту равза;ои бешумораш.
Сухан аз чашма;ои пок г;ем,
Зи ан;иру анору ток гуем.
Биг;ем мо зи мардони ватандор,
Зи Мансуру Диловаршо; бедор.
Биг;ем аз занони бовафояш,
Зи духтар;ои зебо-ма;ли;ояш.
Биг;ем васфи ку;сори баландаш,
Зи гелосу зи ноку себи кандаш.
Сухан аз на;маву аз соз г;ем,
Зи да;ои кушода боз г;ем.
Ки аз ме;моннавози ёфт шу;рат,
Миёни водиву ша;ру вилоят.
Биё, Хумбов ки мо бо ;ам бишинем,
Равони зиндаги бо ;ам бубинем.
Ту ;амсоли тамоми ку;у санги,
Бузургиву аз ин ру ;афт ранги.
Ту аз ку;и баланди Бурхи Сармаст,
Ба водии равон бо зарбу бо шаст.
;амон Бурхе, ки маш;ур аст-Сармаст,
Ба изни ; Худованд дузахе баст.
Хамон Бурхе, ки бо як хо;иши ;,
Ба пире додаи тифлони нек;.
Биё, Хумбов, ;арфе бар ту дорам,
Бипурсам чан(д) сухан з-а;воли ёрам.
Дами суб;и са;ар назди ту ояд,
Ду гесуйи камандашро кушояд.
Зи оби сарду бас ;онофаринат,
Бин;шад як-ду каф он поктинат.
Занад обе ба руйи ;амчу мо;аш
Ба руйи пок чун суб;и сабо;аш.
Аё, Хумбов, таърихи диёри,
Хабар аз давра;ои пеш дори.
Саропо розу розу розу рози,
Худатро дар ;ами мардум гудози,
;азорон сирри пин;он дар дили туст,
Мазори сад;азорон сохили туст.
Ба даври болшевизми шуми лаъин,
Ба со;или ту сад мулиму муъмин.
Биёбиданд ;ою манзили хеш,
Зи дасти мардуми бадкину бадкеш.
Биё, Хумбов, нишинем па;луи ;ам,
Ки ;астем мову ту як умр ;амдам.

Биё, ки мову ту ;амдард ;астем,
Ба ;ам а;ли вафодори бубастем.
Барои рушду ободии Дарвоз,
Сарафрозиву дилшодии Дарвоз.
Тамоми умр ;айрат менамоям,
Ки васфи иш;и Дарвозам намоям.
Биё, Хумбов, ки мардонат чи бошанд,
;ама дар ;ар замон султони хешанд.
;ам Исмоилу Шохмансури Дарвоз,
Бибурданд номи ту то Балху Шероз.
Ба со;илат бино шуд Калъаихум,
Ба ;ифзи кишвару ;ам марзу ;ам бум.
Бик;шем, то шавад Дарвоз зебо,
Диёри ку;набунёдам дилоро.
;ама бо ;ам рафику дуст бошад,
Ба суий ;амдигар нуре бипошанд.
Шавад маш;ур Дарвозам ба олам,
Зи рушди ин ку;анкишвар биболам.
Сулаймони дуо созад пас аз ин,
Бигуяд ;ар ки хонд: Алло; омин!


Рецензии