Нозанин мехмони мост

Чи лахзаи дилнишине,ки нозанин мехмони мост,
Соки шаробат нолозим,дил масти чехраи зебост.
Нагу ай лофзани нокас,ишк гуноху басо талхест,
Хазорон ширини дорад,савобаш бар ошик равост.
Макбули наргиси хумор,хуш моро сарсупурда кард,
Зи чон дарду гами дунё,бенавосту дуру чудост.
Манам гуломи мухаббат,чу Мачнуни биёбондуст,
Зи максадам паём Лайли,бе ту зиндаги пур хатост.
Азизони ба ишк карин,ба кадри ахди хеш расед,
Касе аз садокат дур аст,хаме шоистаи чазост.
Ба Султони чахон имшаб,шукрона орам бешумор,
Хури фирдавс ба мачлисам,махсурату вах дилрубост.
Ман алъон Чамил бо санам,бираксаму сароям ишк,
Дар ин базми ошикона,сухбати ману ёр вафост.


Рецензии