Ватан точики

Эй Ватан! дар њар куљо ман доманатро доштам,
Њар куљо дар синаам паймонаатро доштам.
Њамчу Юсуф шоњ будам гар ба мулки дигаре,
Чун гадо хоки рањат бар дидаам бардоштам.

Эй Ватан! эй Тољикистон! бахти ман армони ман,
Эй Ватан! эй модари љон! ишќи бепоёни ман.

Санги хоро буд ќалбам, аз ;ами ту об шуд,
Роздонам дар ;арибињо фаќат мањтоб шуд.
Ашки чашмон он ќадар ман рехтам дар њар куљо,
Ин дили бечораи ман аз ;амат бетоб шуд.

Эй Ватан! эй Тољикистон! бахти ман армони ман,
Эй Ватан! эй модари љон! ишќи бепоёни ман.

Нимашаб аз хоби худ  бо ёди ту ман хестам,
Номи ту бинавиштаму гуфтам ба худ: ман кистам?
Он ќадар ёд карда будам  њарф-њарфи номи ту,
Бўсаборон кардаму аз дида хун бигристам,

Эй Ватан! эй Тољикистон! бахти ман армони ман,
Эй Ватан! эй модари љон! ишќи бепоёни ман.

Чун кабўтар ман ба о;ўши ту парвозї шудам,
Омадам дидам турову аз Худо розї шудам.
Рўю мўям сила карда боди ту чун модарам ,
Хешро ман тифл дидам бо ту дар бозї шудам.

Эй Ватан! эй Тољикистон! бахти ман армони ман,
Эй Ватан! эй модари љон! ишќи бепоёни ман.


Рецензии