Рисолати одами точики

Одамї  аз бањри коре омада,
То кунад иљро дар ин дунёи дун, њар ки кори хешро.
Одамиятро рисолат инчунин, шоњ ё  дарвешро.
Роњи мо аз батни модар мешавад оѓоз, азм дар пеш аст.
Азми ин дунё ,
Азми ин сањрои бепоён,
Азми чархи гирдгардон, чархи гардун,
Азми дунёи пурармон, азми дунёи пур аз хун,
Пас чи бояд кард?
То  ки боши  дар сафар омода бояд буд,
Њамрањат кулвори армон,
То намонї ормонї, бенишон дар бенишонї, њуш дор!
Илми дунёро бикун аз бар,
Панди пиронро бикун љавшан!
Нафси саркашро бикун ором!
Ќалби љоњилро бикун рушан.
Ин њама дар хидмати роњ аст, фурсати оњ аст.
То расї ту бар асолат, пеш аз оне  ки њамегардї  забун.
Хешро дар хеш дарёб!
Хешро дар хеш дарёб!


Рецензии