РОЗИ ИШК газал-точики

Нигоњам аз нигоњат об мехўрд,
Ба гирдоби муњаббат тоб мехўрд.

Шуда хунхора гурги рашку њасрат,
Дили бечораи бетоб мехўрд.

Бубинам абри яъсу  ноумедї,
Вуљуди рўшани мањтоб мехўрд.

Саропои вуљудатро гумонам,
Нигоњи гушнаи ањбоб мехўрд.

Ду зулфони сиёњатро чи гўям,
Бари рухсора печу тоб мехўрд.

Хаёломез аз љоми лабонат,
Њавасњоям шароби ноб мехўрд.

Дили Ќањњор аммо гашта навмед,
Зи захми ишќи ту зардоб мехўрд.

Ѓуломи ишќ осоиш надорад,
Чаро ки зарбаи арбоб мехўрд.


 


ДАЪВОИ ШАККАР МЕКУНАД

Фурсате ѓам сина абтар мекунад,
Њусни рўро доѓ камтар мекунад.

Њар куљо ифлосие бошад магас,
Хаткашониро кабўтар мекунад.

Васф карда булбулон гулзорро,
Зери по гулро фаќат хар мекунад.

Ќанди шеъри ноб андар лафзи мо,
Ањли дил даъвои шаккар мекунад.


Рецензии