Дунё саробам мекунад газал-точики

               
Побанди дунё гаштаам, дунё саробам  мекунад,
Теѓи њасуди ошно дар изтиробам  мекунад.

Донам, ки ин дунёи дун маъшуќаи бадкора аст,
Аммо ба сад найрангњо масти шаробам мекунад.

Њар зина боло меравам, кулвори кирдорам ба дўш,
Кулвори ѓамњоро магў охир харобам мекунад.

Побанди ишќам сўхтам,то ин ки созам оќибат,
Бо љилвањои сохта, маккора бобам мекунад.

Занги диламро мебарад танњо умеди маѓфират,
Нори љањаннам,чун кунам, охир кабобам мекунад.

Нимбисмилам,эй дўстон, њайрат маро бигрифта,
Чун мављ мепечам ба худ, охир њубобам мекунад.

Гирдоби дунёро бубин, ин ќадр тобам медињад,
Озод аз ин гирдобњо кори савобам мекунад.

Бошад Худои ломакон дар заррањои љони ман,
Њайфо,ки нафси саркашам андар азобам мекунад.

Ќањњор, он тавре бизї, то ки набошї њамчу зї,
Эй вой аз дунёи дун, тори рубобам мекунад.


Рецензии