Кам намезанам газал-точики

 
Бо ашк мижањои туро хам намезанам,
Ман санг сўи дидаи пурнам намезанам.

Боде агар вазад, бибарад барги гул, бидон,
Боди сабо агар бишавї, кам намезанам.

Сўњроб то ба мењри падар ошно шавад,
Теѓи фироќ бар дили Одам намезанам.

Моро њаё ба ќуллаи иќбол мебарад,
Санги маломатам ба ду олам намезанам.

Гирад азо касе ки агар фикри худ кунад,               
Њарфи дигар ба хотири мотам намезанам.

Бо бўса ќуфли дил шиканам, ѓам шавад рањо,
Афсўс, бўса њар шабу њар дам намезанам.

Ќањњор чида ангури маънї шароб сохт,
Гар маст мешавї ба Худо дам намезанам.


Рецензии