Дили дардошнои ман газал-точики

       
Љањони ѓуссаву ѓамњо дили дардошнои ман,
Чї кардам ин ки ранљидї, нигори бебањои ман.

Агар чун печи зулфонат зи ѓам чун мор мепечам,
Нафас андар гулў печад, биё, боду њавои ман.

Шаби њаљри туро гўям, шаби ялдо ба дод ояд,
Ба ин зулмот мемирам, биё, субњи сафои ман.

Сари танњо, дили танњо ва ё гарди  сари роњам,
Агар боди фано рўбад, кї мегиряд барои ман.

Бигў, Ќањњор, осуда дили умедворатро,
Биё бишкан хуморатро, туро бахшад Худои ман.

Гадои  рўи ту будам агар умре дар ин ѓурбат,
Бигирад оњи ман, охир шавї рўзе гадои ман.


Рецензии