Афсона мешавам газал-точики

      

Дунё њама фасона, чи њайрона мешавам,
Гоње чунину гањ чунон афсона мешавам.

Гоње сафар ба хонаи хуршед мекунам,
Гоње зи хеш рафтаву девона мешавам.

Гоње савори аспи ѓурурам ба осмон,
Гоње ѓуломи маркаби бегона мешавам.

Гоње чу тифл ѓўраи ашкам ба доманам,
Гоње сутуни бому дари хона мешавам.

Гоње чу шоњаму њама дар ихтиёри ман,
Гањ пойбанди ишваи љонона мешавам.

Гоње зи мењр  аз нафасам субњ медамад,
Гањ шоми тори кишвари вайрона мешавам.

Гоње хамуш монда зи ѓам меравам зи худ,
Гањ мубталои хандаи мастона мешавам.

Гуфтам: куљо ту меравї, Ќањњор, оќибат,
Гуфто: муќими кишвари шукрона мешавам.


Рецензии