Бешаи анбухи андеша Зелёная страна воспоминаний

САРЗАМИНИ САБЗИ ХОТИР

Сарзамини сабзи хотир, њар куљое лањзае аз умри ман,
Аз нишоту аз ѓаму андўњ.
Як тараф аз ишќ боѓи пургуле,
 Аз ѓамонам  бешаи анбўњ.
Як тараф тої саманди баччагї,
Дар таку тоз аст андар марѓзор.
Сўї  дигар ишќи аввал, њамчу сайди тирхўрда,
Дар сари кўи фироќ афтону ѓелон меравад.
Хуни худ лесида гўё бањри дармон меравад.
Гурги яъсу ноумедї,
Гурги рашку вањшати ман,
Меравад бар бешаи анбўњ.
Ёди модар, чун тулўи офтоб,
 Мебарояд аз паси кўњ.
Мешавад рўшан њама о, сарзамини сабзи хотир,
Дар дили пурдарди шоир,дар дили пурдарди шоир.
А.Косимов


Рецензии