Ба мисли ту

Ба мисли ту гули хушбу,
Набошад накхате дигар,
Ба мисли ту санам хушру,
Набошад дилбаре дигар.
Туи сафои ин манзил,
Туи сохибаи ин дил,
Ба мисли ту ёри дилчу,
Набошад бехтаре дигар.


Нуру руъёи ишки ман,
Ганчи фардои бахти ман.
Хаётам бо ту бас рангин,
Туи матлуби умри ман.
Ба мисли ту чоно орзу,
Набошад икболе дигар.


Ду зулфони сиёхи ту,
Рухсори хамчу мохи ту.
Маро масту хумор карда,
Дилнишини нигохи ту.
Ба мисли ту чашми чоду,
Набошад наргисе дигар.


Рецензии