Вафои ёр дур

Ин дил ки бетоб гаштаву хароб аст бубин,
Аз сузиши  ин мухаббат кабоб аст бубин.
Фарёд зи ин дунёи бе мехру бевафо,
Фарёд зи ин савдои пур шуру пур гавго,
Чонам Худо мададе-аз танхои рахо!
Захми дили маро-ё Раб намои даво!
   Вафои ёр дуру дур чафои у наздик,
   Риштаи умри ман чун бе ишки у борик.
   Дунёи ишку умед бубин тору торик

Дар шахри ишки ту умеди ишк шикаст.
Икбол зи ман дуру на ёре даст ба даст.
Ин калби овораам лабрези вафо буд,
Осмони руъёи ман пуррангу сафо буд.
Фарёд зи зулми ту фарёд зи ин чафоят,
Сангиндило бубини сухтам ман бароят.
   Вафои ёр дуру дур чафои у наздик,
   Риштаи умри ман чун бе ишки у борик.
   Дунёи ишку умед бубин тору торик


Аз дасти чафо тор Каъбаи умеди ман,
Ку осмони лутфат ку рохи сафеди ман.
Танхои бас азобе сузе ба тобу табам,
Ашки ахдат сероб дар ин рузу ин шабам.
Бигзор ки ёди ту аккал бисузад чонам,
Дар ахду вафодори ман човидон мемонам
   Вафои ёр дуру дур чафои у наздик,
   Риштаи умри ман чун бе ишки у борик.
   Дунёи ишку умед бубин тору торик


Рецензии