Барои хоби духтарам

Духтари хушруи падар,
Дилкашу дилчуи падар,
Гулрую хушбуи падар-аллат мегум алаё,
Хоби ширин аллаё.

Мохи тобон дар осмони,
Нури хар дуи чашмони,
Файз ба хони хонадони-аллат мегум аллаё,
Хоби ширин аллаё.

Чашмот шахло-руят чу мох,
Кадамот хуш як-як ба рох,
Парвардигор туро панох,-аллат мегум аллаё,
Хоби ширин аллаё.

Ситораам дар нимашаб,
Бодо дур аз ту тобу таб,
Бихоби шух ханда ба лаб-аллат мегум аллаё,
Хоби ширин аллаё.

Ба хобат нуре бубини,
Бо Расули Хак нишини,
Бо Куръону дилнишини-аллат мегум аллаё,
Хоби ширин аллаё.

(16.04.2005с)
https://ok.ru/music/track/125755925225734
(2026)


Рецензии