Нола дорад дил

Нола дорад най,нола дорад чон,
Нола дорад дил,нола дар забон.
Аз сузи чудои,вой аз бевафои,
Дорад дил гадои,охе зи рахпои,
Суз андар най,Суз андар чон,
Суз андар дил,Суз дар забон.

Бахори умри ман бе ту гирифт хазон,
Осмони ишки ман бе ту гирифт губор.
Дар водии ахдам вафоят буд нафас,
Паймона бишкасти доди маро озор.
Бо ин сари танхо,сузам шабу рузхо
Суз андар ишк,суз андар ахд.


Болини ман аз гам,рохати ман аз дард,
Сукут забони ман,ранчур тани ман сард.
Борони ашки ман,аз бахри гам лабрез,
Хаставу танхо ман,бо хеш дорам набард.
Бо сад шуру гавго,бо ин сузи савдо.
Суз андар дахр,суз андар бахр.


Шодмони насибат,дарду алам аз ман,
Бахтат бодо баланд,сухтану гам аз ман.
Ишку вафову ахд,ёрат бодо ай кош,
Ашки сузи нихон,хамчун мархам аз ман.
Бишкаста дили зор,сузи ашкаст озор.
Суз андар ашк,суз андар рашк.


Рецензии