Танхотарин

Танхотарин мардам,
       аз чамъи мардум дур,
Эй бор Худои чон,
       такдирам талху шур.
Месузам мисли шамъ,охиста-охиста,
Менолам шабу руз,охиста-охиста.
Ашкам набинад кас,
        ё Раб ба додам рас.

Мисли дарахте хушкида,
   бе шоху барг дар сахро,
Хазон гузашту барф шуд об,
   бахор наомад суи мо.
Дар биёбоне хастаам,
   бе шоху баргу гулу об,
Решаам бубин хушк зи дард,
   аз танхои аз гамхо.

Ё раб намои лутфе чанд,
   шохаи хушкам сабз намо,
Чуе ба сахро бигзарон,
   ё каме борон аз само.
То ранг гирад вучуди ман,
   буи хаёт ояд ба тан,
Чун намирам аз танхои,
    пеши даргохат илтичо.

Танхотарин мардам аз кисмати ночур,
Эй бор Худо чон,такдирам талху шур.
Хамхонаи ман гам,хамсояи ман дард,
Дар шахри мусофир аз чамъи мардум дур.


Рецензии