Тасвири ту...

Чоно дар тасвири ту,нигохи ин дил афтод,
Бадан ларзид як дам,зи ороми ба барбод.
Ачаб абруят чоду,чоду хар дуи гесу,
Бигаштам моили ту,ба зебогии он ру.
Шудам мафтуни руят,шудам мачнуни куят,
Шудам дилбекарорат,шудам ошики зорат,

Чоно ту нозанинам,ту ёри махчабинам,
Ба ишкат афсуни ман,ту ёри гулбаринам.
Ачаб бар мох мони,хохам ёрам ту хони,
Надорам токати хачр,аз ин сузи нихони.
Ачаб нигохат фиреб,фиреб нозу адоят,
Манам садка бароят,кунам чонро фидоят.

Чоно дар ишкат мадхуш,щуда дунё фаромуш,
Даруни синаи ман,мухаббат мезанад чуш,
Ачаб хуснат дилоро,девона карда моро,
Хар он чанд ки бисузам,хуш оядам дилоро.
Ачаб лабонат ширин,ширин бусахои гарм,
Биё бикшоем огуш,ба хамдигар мо нарм.


Рецензии