Одам бош...
Ба даргохаш намо дуо, Худост Рахиму мехрубон.
Хакими Рахмони мо уст дар умр Чаббори човидон
Ибодаташ зи сидк бинмо,туро то кувват асту чон.
Агарчи сахтихои умр,ба дарвоза занад сахт мушт,
Намо мардона ту рафтор,бигу шукру магардон пушт.
Зи санг омуз ту хомуши зи вакти умр фаромуши,
Сабури аз замин омуз ба хангоме ки мадхуши,
Ба мисли сабза моил шав ба мисли гул хушбуй бош,
Чу офтоб гармихо ту бахш ба мисли мох равшан бош.
Адаб омуз ту аз Куръон зи панду шеъри бузургон.
Бидон кадри волидайн то набоши зи умр хайрон.
Ба дустон бахши ту гар мехр ба хонаат сафо ояд,
Ба ёрат ахди кисмат банд ки ошикро вафо бояд.
Бо ному рафтор одам бош шарафхо исми хуб орад,
Худо икболат бахшояд,баракат бар сарат борад.
Свидетельство о публикации №113040304302