Рубоёт
Кисмат ба одам доди илохист, дустон,
Сарбаста у дар нимарохест хайрон.
Охир бигуем, мо чи дидем зи умр,
Пуроб моро чашму тор гашта чахон.
2
Асрори чахон дар дили Яздонем мо,
Гунахкори бас сархаму нодонем мо.
Бахшандаву мехрубон бувад гарчи Худо,
Афсус, ки бе рую бе вичдонем мо.
3
Маънои чахон мову шумоем, дустон,
Дар сахтии замину баланд осмон.
Саросар хаёт сирри нихон аст, бидон,
Номи неку кори хуб зи худ мон нишон.
4
Ин дунёи бевафо надорад маъно,
Бе тоати Хак хеч набошад маъво.
Дин талабу имон талаб ту хама умр,
Хофизи одам хамеша бошад Худо.
5
Афтодаи мулки бегонагонем мо,
Дардзадаи гаму овора, сарсонем мо.
Ташна ба як катраи оби Ватанем,
Шукрона ба рузии Худочонем мо.
6
Чун даст ба кадах айёми чавони равад,
Хамдами зи чону хушии инсони равад.
Расад, ки сафеди бини дар муи сарат,
Дон, ки нафасу дами зиндагони равад.
7
Зиндон чахону одамизод асири он,
Бо хости дигар нафас биёяд ба чон.
Имруз ба хаётему фардо ба хок,
Кошки зи хеш неки бимонем нишон.
8
Эй дуст, ба суроги дустон ту биё,
Фалак пурчафосту хеч надорад вафо.
Аз дунё дида одам пурмехртар аст,
Гар дар дидаву руи хеш дорад хаё.
9
Ман ташна ба хуми шаробам имшаб,
Бе бусаи ёр дилкабобам имшаб.
Эй мутриб, биё, бинавоз оханги чон,
Хамсозу хамовози рубобам имшаб.
10
Андешаи мо ба гуши хамдигар чист?
Озодибахши хаёти равона кист?
Дунё фонист, бидон, надорад эътибор,
Бо имон ба чонхо хуш бибояд зист!
11
Хариду фуруши дарду алам моем,
Мотамхонон ба умри одам моем.
Дар олам агар зи мо бимонад неки,
Миннаткашон хар сари кадам моем.
12
Хун аст дили мо, чок-чок синаи мо,
Дарди нихону сузи деринаи мо.
Аз хокему дар хок рузе чой гирем,
Имон бувад ганчи хазинаи мо.
13
Саргардони олами вайрон моем,
Окил ба гумрохиву нодон моем.
Бишкаста бубин саодати бахти мо,
Гирён бе икболу бе армон моем.
14
Ин мулки Худо имтихони ману ту,
Рози чахон сузи нихони ману ту.
Дар сояи гам умри дуруза гузарон,
Хак аст вале нигахбони ману ту.
15
Умрам гузарад, бо дарду бо гам гузарад,
Бо дили сиришколуду алам гузарад.
Як лахзаву як соату як умр, донистам,
Дар дунёи фони умри одам гузарад.
16
Савдозадаи чахони армонем хама,
Шикастадили ахду паймонем хама.
Дар синаи мо мухаббате хун шуда чанд,
Мачнун ба дарди ин замонем хама.
17
Ин моли чахон аз сари мо пас монад,
Одам ба хеш на хору на хас монад.
Донад агар хасуди мискин аз умр,
Кори неку рохи рост зи хар кас монад.
18
Худовандо, ба умри мо бибахш имон,
Вучудамро панох дор аз шари шайтон.
Ба даргохат шабу руз бо ибодат,
Хамеша чонфидо бошад мусалмон.
19
Афтода ба кисмати гамолуд моем,
Дилпораи дард чу лахчаи дуд моем.
Шукрона ба як лукмаи додаш дорем,
Бе шикваву дод бандаи сучуд моем.
20
Як дастагуле ба дасти номард хор аст,
Дунёи умед ба ибрати мард зор аст.
Бад машаву паст мараву неки бинмо,
Одамгариву дусти ба хар мард кор аст.
21
Ин дилаки ман бубин, гашта гамхона,
Месузаму сухтанамро Худо дона.
Оворагию чудои ёбад анчом,
Захми дили решам то абад мемона.
22
Хушбахт диле, ки шахди мухаббат чашид,
Бар кадри вафо дар рохи кисмат расид.
Вовайлои он касе, ки хамдами гам аст,
Дар дунёи гузарон садокат надид.
23
Дони, ки чахонро зебо намоз кард,
Шоиставу озодаву пурфайз кард.
Хобида чавон, зи хоби гафлат бархез,
Вакти сучуд расиду дил роз кард.
24
Аз дуди сина дил дар фигон омад,
Бар умри ширин гам шитобон омад.
Дидам, ки сузаш кам шуд, вале афсус,
Аз нав гирифт оташу бар чон омад.
25
Аз дидаи ман ашк равон аст ба гам,
Сузи дили сухта надорад мархам.
Бар умри гузашта дилам месузад,
Икбол зи ман дар гурезу ку хамдам?
26
Одам хама афтодаи дарданд чанд,
Ниме ба ошнои бугзи ин фанданд чанд.
Ниме ба фиреб дорои фармони мулк,
Ниме ба дилгадои дар ин банданд чанд.
27
Бехтар зи намозу руза коре нест,
Чуз Холики арзу само ёре нест.
Бар тоаташ шитоб намо хар даме,
Фардо туро гайраш харидоре нест.
28
Ё Раб, Каломи хуш ба дил гуфтан омухт,
Дар халкаи ишкат бубин, тапидан омухт.
Хофиз бо адаб нишинаду кунад кироат,
Ёсину Таборак ба шавк шунидан омухт.
29
Ин дил, ки ба халкаи мухаббат ба бор аст,
Гар фасли зимистон, ба ёдат чу бахор аст.
Хар нахли вучудам бихохам фидоят бод,
Матлаби хаёт ишки Ту, на завк ба ёр аст.
30
Дар сачдаи Ту умр бувад нуш ба дилхо,
Рузгори гузарон дихад гуш ба дилхо.
Умрам раваду хайф нагуямаш ман каме,
Шароби висолат занад чуш ба дилхо.
31
Дар сахрои чунуни Ту ошик чу ба зорист,
Афтода ба ишки пок, донам, лутфи Илохист.
Моро бо аттор накхати хушбуи саросар,
Дар сайри гулистон гуям: буи Ту кофист!
.
32
Бар куи мухточон бояд рафт ба давидан,
Бар кумаки мардум бубояд ки расидан.
Подоши хама банда ба хуши назари Туст,
Узрам бипазир як дам, имон ба фахмидан.
33
Афтода ба хок кудаконанд чандин,
Хама синачок модаронанд чандин.
Муслим хама дар мотам ин шабу руз,
Мардони араб шахидонанд чандин.
34
Аз дасти кофир мулки обод вайрон,
Зану кудак, пиру чавон тирборон.
Худочонам, мададгори Фаластин бош,
Парчами сабзи Исломро дурахшон.
35
Садхо дарего аз атфолат, Фаластин,
Хазор ба хун огуштаву зери замин.
Эй кош, бисузад хонаи зулму ситам,
Олам шавад билохира басо рангин.
36
Сузон хама дили муслимин, дарег,
Нолон саросари Фаластин, дарег.
Эй вой, ки синаи мо аз дард сузад,
Хуни муслим рехтаи замин, дарег.
37
Зи Ватан дургашта, дар гурбат нишинем,
Гахе хасу гахе хор дар заминем.
Зи икболи баланд рахдурем чанде,
Кош як даме хам бо рохат нишинем.
Свидетельство о публикации №113021603635