Барои модари чашми чор..

Сари куча ту бо чашмони чори
Маро ту очаи чон интизори
Шабу рузон гуи бачам кай ои
Ба охир сар ояд дарди чудои

Басо таъзим ба поят очаи чон
Чону дилам фидоят очаи чон
Барои дилсузиву гамгусори
Хама умрам адоят очаи чон
       
Ба по шудаму мард шудам ба кисмат
Худо такдир навишт омадам гурбат
Зи ту дураму ашкхо бари руям
Бигуям вой фалак вой бар ин хичрат

Бигузашт моху сол руят надидам
Буи хуши ту оча нашамидам
Хамон лаззатарин курутобатро
Чандин соле каме хам начашидам

Ба ёдам тануру нони гарми ту
ханузам лаззаташ андар забонам
Ба ёдам садои аллаи дилхуш
Кунун бахри тифлаком бихонам

Айёми хурдиям хобе надиди
На обу донеро ту мечашиди
Кунун гариб бача узро бипурсад
дар ин айём низ наоромиди..............


Рецензии