Я выкуп за тебя на таджикском

Мох надорад он рухи зебои туро,   
Сарв надорад он кади раънои туро,
Бубахш мани ошики шайдои туро,
Ба он хусни дилчуи ту ман харидор!

Ошики туям, чунки ту поксиришти,
Чунон зебои, мисли хури бихишти,
Медуздаму мебарам туро бо кишти,
Ба он чашму абруи ту ман харидор!

Чун ду алмоси гарон аст чашмони ту,
Чун дурру ёкут бувад хар дандони ту,
Бишнав як харф аз ошики сарсони ту,
Ба хар як тори муи ту ман харидор!


Рецензии