Механи ман. На таджикском языке

МЕХАНИ МАН

Меhани ман байни кўhистону дашт
Бесабаб пуршўhрату зебо нагашт.
Мардуми аhлу тифоќу сарбаланд
Аз ќадим бо зўри бозую каланд,
Карда обод бо таhаммул мулки худ,
Чун биhишт сохт деhаhои хушнамуд.
Xифз намуда таърихи аjдоди хеш,
Чо бикард hар лаhзааш дар ёди хеш.
Зеби сад достон бигаштаст Ковааш
Бо дирафшу шўришу hангомааш…
Чун суханвар Маъдани ширинбаён,
Xамчу Маhмуд бомаhорат ровиён
Васфи Ашт карданду jумла аштиён,
То шавад ноhия машhури jаhон.
Мекунад имрўз халќи меhнатќарин
Шукри Истиќлолу даврони навин,
Шукр аз он, ки дар замони Шўравї
Ёфт таъсис ноhияи афсонавї,
Шукри рушду шукри ободии он,
Шукри jашну шукри hар шодии он,
Шукри беhад з-он, ки мардуми диёр
Сулhу ваhдатро намудаст ихтиёр!

                02.12.2016


Рецензии