Независимость и хлеб в переводе на таджикском

Абдукаюм Мамаджанов
         ИСТИЌЛОЛ ВА НОН

Чу «истиќлол» гўям, ёдам ояд,
Навадум солхо, фарёдам ояд.
Сари як мўй овезон буд он ваќт,
Хама хастии ин хушном миллат.
Басо нангин бародар куштаномон,
Зи макри чанд тан шогирди шайтон:
Махалбозони аблах–кўрдилхо,
Хам аз дин бехабар–эшону мулло,
Хам он хизбии носер аз хукумат,
Демократхои каззоби сиёсат.
Камар бар хидмати шайтон бубастанд,
Барои фитна дар майдон нишастанд.
Махалбози сироят кард бар дин,
Авомуннос шуд пурхашму пуркин.
Чанубу шарќи кишвар даргирифтанд,
Гиребонхои хамдигар гирифтанд.
Раќибон - ачнабиён шоду хурсанд,
Ба таќсими диёр омода буданд.
Ба онон Точикистони ягона,
Шукуфон, точиконро ошёна,
Ба мисли устухоне дар гулў буд,
Варо бояд парешон карду нобуд.
Ба хам душман шавад ќавми парешон,
Варо чун зоча бози кардан осон.

Нихоят чун сарон огох гаштанд,
Ба рохи ошти хамрох гаштанд.
Нахустин бор андар Ќасри Арбоб,
Сухан гуфтанд аз таќдири нобоб.
Нишасте хар сабоху шом карданд,
Барои хатми чанг иќдом карданд.

Чу андар ў рахоибахш диданд,
Зи байни халќ Рахбар* баргузиданд.
«Ќасам бар шири модар, метавонам,
Ки халќ аз халќи оташ ворахонам.
Барои мардумонам сулх орам,
Ба дилхо тухми шафќу мехр корам.
Агарчанде ки амре буд душвор,
Вафо бар ахд бинмуд охири кор.
Кунун мардум аз ў розию хурсанд,
Рахоибахши кишвар мешиносанд.
Кунун ў – Пешво, дохии миллат,
Ба маќсад мебарад киштии давлат…

Чу мегўянд нон бо чон баробар,
Ба ин маъни бибояд кард бовар.
Навадум солхо ояд ба хотир,
Шавад як воќеа бар чашм зохир.
Чу зангўла маро бедор созад,
Ба хар холат маро хушёр созад:
«Магар ту ќадри нон карди фаромўш,
Хама он нолахоят рафт аз гўш?
Набошад нон фаќат як хўрдание,
Ки бе нон бас бувад чонкандание.
Наваду чор буд он соли манхус,
Ки доѓаш монда андар сина махсус.
Гузашта буд навак интихобот,
Диёри точикон буди харобот.
Ханўзам чанг оташ мефурўзад,
Хама хушку таре бо хам бисўзад.
На ќонун асту на ќонунсипосе,
Касеро нест аз дахшат халосї.
Бародар бо бародар љанг дорад,
Фалак аз чанги точик нанг дорад.

Гурўхи панчсад тан чонфидоён,
Асир афтода дар банди кўхистон.
Раху пайрохахо масдуд буданд,
Ба зери барфхо нобуд буданд.
Хаво торафт сарди сард мешуд,
Дили чанговарон пурдард мешуд.
Намонда бурдаи ноне ба чойе,
Фаќат картошкаю обею чойе.
Ду хафта инчунин ахвол будї,
Гумон мекард кас сад сол будї.
Зи бенони хазорон дард рў зад,
Мадад аз хеч чое менаомад…

Ба ин афкор хар гохе бихобам,
Хамон ахвол меояд ба хобам.
Басо мудхиш бувад он хоб, ёрон,
Ки гардад дидахоям ашкборон.
Ба монанди навори синамо аст,
Дихам аз диданаш ман хеш аз даст:
Бубинам дасти тифли бегунохе,
Тару яхбаста бо сад дарду охе.
Либоси ў тунук, ларзон вучудаш,
Ду рўяш аз хунукї мисли оташ.
Ба каф як бурда нони хушк дорад,
Барои харбиён то тўхфа орад.
Паси ў саф кашида чанд кўдак,
Ба кафхо пораи нонхои кўчак.
Яке як бурда нони нимахўрда,
Дигар нонрезахои бодбурда.
Савум як бурдаи баста маѓоке,
Чахорум кулчаи пургарду хоке.
Ба сарбозони гушна хадя карданд,
Хама дороии худ садќа карданд.

Ќумондон будам, Анварбек-ноиб**,
Сиришкашро натонист кард ѓоиб.
Сипас он лахзаро орад ба хотир,
Шавад дар дидахояш ашк зохир.
Бигўяд махз дар он лахзаи танг,
Бишуд маълум: сулх аст охири чанг.
Чу мардум гашт бар артиш мададгор,
Бишуд барбод макри хасми ѓаддор.
Хамон нонхои кўдакхои маъсум,
Буданд изхори хамраъйии мардум.

Кунун бояд, ки шукри бахт гўем,
Сипоси давлати ботахт гўем.
Амони хукмрону сулх тобон,
Ба дастархони мардум нон фаровон!

_________________________

*Рахбар – Эмомали Рахмон, ки дар Ичлосияи таърихи Раиси Шўрои олии Точикистон интихоб карда шуд.
**Анварбек – подполковники милитсия Чумъаев Анварбек Чумъабекович, ки моххои ноябр-декабри соли 1994 чонишини фармондехи дастаи махсуси Раёсати корхои дохилии вилояти Ленинобод (холо Суѓд) дар гурўхи нохияхои Ѓарм - полковник Абдуќаюми Мухаммадчон,  яъне муаллифи ин манзума, буд.

                Аз руси тарчумаи

                Чўра ЮСУФИ.