Чи мерави? газал-точики

Абдукахор Косимов
Дорї Худой, бар дари Њотам чї меравї?
Олам ба ќалби туст, ба олам чї меравї?

Чун оњубарра барги гули лола мехурї,
Булбулсифот аз паи шабнам чї меравї?

Гуфтам  биёву дар шаби сурам чаѓона зан,
Бар сури ман наомадї, мотам чї меравї?

Дар дил сад орзу ба сарои муњаббатам,
Ман омадам ,бигў, ту ба ин дам чї меравї?

Душман, ки доми њила фикандаст ин замон,
Сўњроб, азми дидани Рустам чї меравї?

Масти шароб хандаи мастона мезадї,
Имрўз бо ду дидаи пурнам чї меравї?

Боло нигоњ кардию пешат надидаї,
Дунё гузашт, бо сараки хам чї меравї?

Кањњор ой, сўњбати моро ѓубор нест,
Бахшам даме ба дарди ту малњам чї меравї?