Ягона, худои ман газал-точики

Абдукахор Косимов
      

Фирорї нест ќалби ман, вале фирор мекунад,
Макони бандагии худ ба ќалби ёр мекунад.

Ба ишќ сарсупурдаам, вуљуди ман зи ман наяст,               
Азизи љони ман маро чу интизор мекунад.

Чу тифл нола мекунад дили умедвори ман,
Каромати Худо маро умедвор мекунад.

Агарчи лашкари ѓамат маро ба банд кардааст,
Хаёли њаљри ту маро ба зери дор мекунад.

Шикаста мешавад гање дарахти умри ман, бидон,
Ба сарзамини ёдњо њама бањор мекунад.

Шабењи ту дигар наяст, ягонаи Худои ман,
Фироќи ту зи ашки ман чи љўйбор мекунад.

Агарчи хира гаштаам,  филизи зангбастаам ,
Чу амри Њаќ ба ман расад, шарорабор мекунад.