Зиёе дорад газал-точики

Абдукахор Косимов
Ѓами ман аз нафаси сард њавое дорад,
Дили ман дар тани пурдард навое дорад.

Рўњафтода машав, дўст, ба гирдоби фано,
Њама дарде, ки туро њаст, давое дорад.

Шаби тори дили ман пардаи ѓамњост агар,
Субњи шодї бидамад, нуру сафое дорад.

Одамї пир бувад куњна чу дунё гўянд,
Њар ќадар куњна шароб аст, бањое дорад.

Он чи омўхтаї шоири шўрида, бигў,
Ту надонї, ки дили дањр чињое дорад.

Чу туро љоми ѓазал бошад, агар нўш бидењ,
Ба дили ѓамзадаат нуру зиёе дорад.