Гариби бо забони точики

Абдукахор Косимов
               
Бо лаби парсингбаста,
Бо дили аз дард хаста,
Пойхои худ чу чорўбе кашида меравам.
Зањри ;урбатро чашида меравам.
Те;и иллат мехалад бар љони ман,
Хар нафас аз хар тараф,
Кош кар будам.
Кўчахою растахо бўи гариби мекунад.
Бодро ман интизорам,
Шояд ў орад бароям
Кам – камак бўи ватанро,
Кам – камак бўи латифи ёсуманро,
Ё ки бўи модари шабзиндадорам,
Накњати зулфони ёрам,
Лек, афсўс,бод њам бўи гариби мекунад.
Бод хам сўям садо аз бенасиби мекунад.
Боди сард амсоли гурги тирхурда,
Рўю мўям мехарошад,
На! Аз он бўи ватан харгиз наояд,
Боди мулки ман тамоман дигар аст.
Рўњафзо, мењрубон монанди мехри модар аст.
Ман дигар тоќат надорам,
Чузвдонамро гирифтам,
Бас дигар дарди гариби,
Бас дигар ин бенасиби,
Мекунам парвоз ман сўи ватан.
Эй ватан, огўши худ бикшою бингар!
Омадам, то ин  ки хокатро бибўсам,
То чу гавхар хоки  покатро бибўсам,
То барои ту бимирам,
То дуои ту бигирам,
Чун дуои модарамро.
Хар нафас андар гариби ман ба ёдат зистам,
Ман ба ёди обу хоки бебахоят зистам.
Лек дигар аз канорат њељ
Дур ман њаргиз нагардам.
Чун, ки бо ту зиндаам,
Эй Ватан, эй ифтихорам!
Ман ватандорам, ман Ватан дорам!