Газел ба чом кунам тазмин бар газали Ахмади Чоми

Абдукахор Косимов
Шабе шароби висоли туро ба чом кунам,
Хумори худ шиканам, санъати Калом кунам.

Ва лахзае ки ба ёди мани фигор раси,
«Намози худ бигузорам, туро салом кунам».

Агар ту лутф намоиву бандаам бигири,
Њазор лаззати  дунё ба худ њаром кунам.

Кашида бори маломат шикаста болу парам,
Ба ишќ баста диламро ба ту ѓулом кунам.

Манам на он ки хаёлам ба банди дањр шавад,
Ба ёди сояи дунё хаёли хом кунам.

Ягона роњи умедам ба сўи даргањи ту,
Њар он чи гуфта ту будї,ман он мудом кунам.

Шунав сухан ту, ки Ќањњор оби дида бирехт,
Гарам  чунин натавонам, бигў чї сон кунам.