Маро бар холи худ монед

Джамильчик
Маро бар холи худ монед,
Чунин озоду зиндони,
Ба доноиву нодони,

Гахе масту гахе хушёр,
Гахе хобу гахе бедор,

Даме шохи замони хеш,
Даме гадои дил ба реш,
Маро бар холи худ монед.


Маро бар холи худ монед,
Бо ин дили пур аз дард чанд,
Бо ин дунёи бас аз фанд,

Бо афгони зи гам хазор,
Бо ин чахони носозгор,

Бо танхои бо чудои,
Дар олами бевафои,
Маро бар холи худ монед.


Маро бар холи худ монед,
Чунин хушбахту беикбол,
Ки чон гамбор тамоми сол,

Фитодаву дили бемор,
Бо ду дидаи интизор,

Бо ин бунёду вайрона,
Бо фигони ошикона,
Маро бар холи худ монед.


Маро бар холи худ монед,
Дар ин майдони найрангхо,
Ба хичрат чабри фарсангхо,

Бо ин такдири сарбаста,
Бо калби зори бишкаста,

Ба дод нододи Худои,
Бо нанги чону расвои,
Маро бар холи худ монед....